Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии худҷӯши ҳазорон нафар дар Теҳрон


Рӯзи шанбе дар Теҳрон ҳазорон нафар ҷонибдорони ислоҳотталабон гирдиҳам омаданд. Таҷаммуи онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон ва ниҳодҳои интизомии Эрон баргузории тазоҳуротро мамнуъ эълон кардаанд. Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ бидуни даъвати раҳбарони мухолифон ба таври худҷӯш ба хиёбонҳо баромадаанд. Ҳамзамон , бино ба хабарҳои расида аз Теҳрон, садҳо нафар аз пулиси зидди тазоҳурот ва нируҳои Басиҷ кӯчаву хиёбонҳои Теҳронро зери назари худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG