Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи мотам" дар эътирозҳои Теҳрон


Яке аз шиорҳои тазоҳурот: "Бубин, чӣ баланд аст наъраи сукут."
Яке аз шиорҳои тазоҳурот: "Бубин, чӣ баланд аст наъраи сукут."

Мухолифони Эрон дар тазоҳуроти худ панҷшанберо "рӯзи мотам" дар ҳаққи кушташудагони раҳпаймоӣ эълон карданд.

Ин идомаи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии 12-уми июн аст, ки тибқи онҳо, президенти феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯзии чашмгир ба даст овардааст.

Вале мухолифон мегӯянд, дар шумориши оро тақаллуб ва хилофкориҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Номзади асосии мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ аз эътирозгарон хост, ҳамагӣ либоси сиёҳ бипӯшанд. Аммо тазоҳурот на танҳо сӯгвории ҳафт нафар аз ҳамроҳони онҳо, балки саркашӣ аз суханони раҳбари олии Эрон ва фармони расмии манъи ҳама гуна таҷаммӯъ низ хоҳад буд.

Мӯсавӣ дар сомонаи интернетии худ навишт, ки ӯ низ дар ин тазоҳурот, ки интизор меравад сокит ва бесадо ҷараён бигирад, ширкат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои нигаҳбони Эрон ҳар се номзади ноком -- Мирҳусейни Мӯсавӣ, Маҳдии Каррубӣ ва Ризо Мӯҳсиниро даъват кардааст, рӯзи шанбеи 20-уми июн дар як ҷаласаи махсус бо ҳайати шӯро роҳҳои ҳалли ихтилофоту эътирозҳоро баррасӣ кунанд. Мӯсавӣ ва Каррубӣ ба ин шӯро аз тақаллуб ва хилофкориҳои рӯзи раъйдиҳӣ шикоят бурда буданд.

Аммо Мӯсавӣ эълом дошт, ки Шӯрои нигаҳбонро як мақоми бетараф намешуморад, зеро ин ниҳод, ба гуфтаи Мӯсавӣ аллакай пуштибонии худро аз Аҳмадинажод изҳор дошт.

Мӯсавӣ хоҳони пажӯҳиши мустақилонаи эътирозҳост. Вай борҳо гуфтааст, танҳо интихоботи такрорӣ метавонад, мушкилро аз байн барад.

Ду рӯзи охир мақомоти Эрон дастрасии хабарнигорони хориҷиро ба иттилоъ маҳдуд карданд. Чандин сомонаи интернетӣ ва нишеманҳои маъруфе монанди Фейсбук, туиттер баста шудаанд. Эътирозгарон дар ин ҳолат ҳарчӣ бештар ба расонаҳои беруна муроҷиат мекунанд.

Пеш аз раҳпаймоии моатм дар маҳалҳои гуногуни Теҳрон эътирозҳои хурд ба вуқӯъ пайвастаанд, ки як намунаи онҳоро метавон дар ин навори видео дид:

Дар метрои Теҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00


Дар ҳоле ки ҳукумати Эрон Иёлоти Муттаҳидаро ба дахолат дар умури худ айбдор кардааст, мақомоти Амрико гуфтанд, аз хушунатҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон нигаронанд ва бидуни мудохила ба умури сиёсии ин кишвар ба ҳимояти ҳаққи эътирози эрониён идома медиҳанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, мардуми Эрон ҳақ доранд, садои онҳо шунида шавад ва натиҷаҳои ҳар райъпурсӣ бояд хости мардумро инъикос кунад. Вай афзуд, аммо эрониҳо бояд худашон муайян кунанд, ки ин эътирози дохилиро ба чӣ шева ҳал хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG