Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ибодӣ ба интихоботи нав


Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, хонум Ширини Ибодӣ ба баргузории интихоботи нави президетӣ дар Эрон даъват кард.

Хонуми Ибодӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки мақомоти Эрон бояд интихоботи нави президентиро баргузор кунанд ва барои назорати он нозирони байнулмилалиро ба кишвар бихонанд.

Дар гуфтугӯи телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ, Гулнози Исфандиёрӣ, хонуми Ибодӣ гуфт: "Мардуми Эрон шубҳа ва гумонҳои худро дар пайванд ба натиҷаҳои интихобот баён медоранд. Миллионҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанд ва талаби худро ба шеваи осоишта дар миён гузоштанд. Бадбахтона, талабҳоио сулҳомези онҳо бо вокуниши хушунатомез рӯбарӯ гардид. Ин хушунат сабаби афзоиши эътирозҳо гашт."

Ширини Ибодӣ афзуд, ки ҳукумат бояд ба талаби миллионҳо нафар, ки алайҳи интихоб шудани Маҳмуди Аҳмадинажод садо баланд кардаанд, арҷ гузорад. Аз нигоҳи ӯ, эрониҳо бо талабҳои осоишта ба хиёбонҳо рехтанд ва аммо ба вокуниши шадид рӯ ба рӯ шуданд. Ширин Ибодӣ ҳамчунин талаб кард, ки ҳама эътирозгарони тайи се рӯзи ахир боздоштшуда бидуни пеш гузоштани шарте озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG