Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон маъракаи таблиғи номзадҳо поён ёфт


Дар Эрон таблиғоти номзадҳо ба поён расид. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури кунунӣ, ки мехоҳад барои даври дуввум ба ин мақом интихоб шавад, бо Мирҳуссейни Мусавӣ-нахуствазири собиқ ва ислоҳотталаби навгаро ва ду номзади дигар Меҳдӣ Каррубӣ ва Муҳсин Ризоӣ мубориза мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе дар рӯзи ахири таблиғоти номзадҳо Аҳмадинежод рақибони худро муттаҳам кард, ки бар зидди вай шеваҳои нодурустро истифода кардаанд, шеваҳоеро, ки Адолф Гитлер истифода мекард. Вай гуфт:

"Онҳо давлатро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карданд, аз як тараф. Аз тарафи дигар адолат мегӯянд. Чаро ин қадр зиёдӣ шуҷоъ ҳастед?".

Рақибони Аҳмадинежод вайро муттаҳам кардаанд, ки вай омору арқомро нодуруст истифода мекунад ва мушкилоти иқтисоди Эронро пинҳон медорад.
XS
SM
MD
LG