Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ҷаҳониён аз суханронии Обама


Раҳбарони байналмилалӣ аз паёми Барак Обама ба ҷаҳони ислом ситоиш карданд. Ҳукумати Исроил гуфт, мисли Обама орзуи сулҳи Исроил бо ҷаҳони арабро дорад. Хавиер Солана – сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо суханронии Обамаро “олӣ” номида гуфт, ки он “саҳифаи наверо дар муносиботи ҷаҳони исломии араб” боз хоҳад кард. Амр Мӯсо – раҳбари Лигаи арабӣ суханронии Барак Обамаро “ ботавозун” хонд ва гуфт, ки он роҳро барои ҳамкориҳои хуб боз кардааст. Абдуллоҳ Гул – раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, суханронии “воқеъбинонаи” Барак Обама дар Қоҳира собит мекунад, ки ӯ шарики хубе барои кишварҳои мусулмонӣ аст, ки барои сулҳ дар Ховари Миёна кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG