Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вузарои хориҷаи Русияву Исроил


Вузарои хориҷаи Русияву Исроил дар Маскав масоили Ҳамосу Эронро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Авигдор Либерман, ки барои нахустин бор ба ҳайси вазири хориҷаи Исроил аз Русия дидан мекунад, ба ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфтааст, ки равобити Исроилу Русия феълан дар олитарин сатҳи дар тайи таърихи 18-солаи равобити дипломатӣ миёни ин ду кишвар қарор дорад. Аммо ду ҷониб бар сари масоили Эрону Ҳамос ихтилофи назар доштаанд. Либерман қаблан роҷеъ ба мулоқоти Лавров бо раҳбари Ҳамос изҳори “таассуфи амиқ” карда буд. Дар мавриди Эрон, оқои Лавров гуфт, ки сиёсати маъмурияти нави Амрико дар қиболи Эрон имкони расидан ба як роҳи ҳалли баҳси ҳастаии он кишварро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG