Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Бишкек ба иддаоҳои Тошканд


Гузаргоҳи марзӣ байни Узбакистон ва Қирғизистон
Гузаргоҳи марзӣ байни Узбакистон ва Қирғизистон

Мақомоти Бишкек даъвоҳои ҷониби Узбакистон дар мавриди вуруди мусаллаҳон аз хоки Қирғизистон ба қаламрави ин кишварро қатъиян рад кардаанд.

Токон Мамитов, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, изҳор кардааст, ки онҳо дар мавриди убури ғайриқонунии марзи миёни ин кишвар бо Узбакистон аз тарафи ашхоси номаълум ягон иттилоъ надорад. Ба гуфтаи Токон Мамитов, аммо агар ҷониби Узбакистон бо далелҳои қотеъ ин ҳодисаро тасдиқ карда тавонад, дар он сурат мақомоти марзбонии кишвараш ҳамаи чораҳоро сафарбар хоҳанд кард, ки масъалаи мазбур таҳти таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, Чулпонбек Турусбеков, муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи чоршанбе таи як нишасти хабарӣ гуфт,
Ин изҳороти ҷониби Узбакистон комилан нодуруст аст ва ягон появу асос надорад.
додситонии кулли ҷумҳурии Узбакистон дар мавриди вуруди одамони силоҳбадаст аз хоки Қирғизистон ба марзи Узбакистон расман изҳорот пахш кард. Ба таъкиди муовини раиси хадамоти марзбонии қирғиз, ин изҳороти ҷониби Узбакистон комилан нодуруст аст ва ягон появу асос надорад.

Эрик Асаналиев, намояндаи вазорати хориҷаи Қирғизистон, мегӯяд, дар ҳоле ки гурӯҳи калони марзбонон назорати марзи ду тарафро бар дӯш доранд, чи гуна ин ашхос метавонанд, бидуни мушкилот ҳамаи монеаҳоро убур кунанд ва вориди марзи Узбакистон шаванд. Ба гуфтаи Эрик Асаналиев, вай чунин мешуморад, ки дар сурати аз хоки Қирғизистон ба марзи Узбакистон ворид шудани ашхоси номаълум масъулияти бештар боз ҳам ба гардани марзбонони ҷониби Узбакистон аст. Намояндаи вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфт, фақат таҳқиқи дақиқи ин ҳодиса мавқеъгирии ҷониби Узбакистонро рушан хоҳад кард.

Улуғбек Чиналиев, собиқ сафири ҷумҳурии Қирғизистон дар Тошканд, мӯътақид аст, ки пахши ҳар гуна изҳороти фаврӣ вазъиятро фақат ба бумбаст рӯ ба рӯ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Чиналиев, органҳои ҳуқуқ ва тартибот, хадамоти марзбонӣ ва вазорати хориҷаи Қирғизистон бояд дар ҳаллу фасли ин қазия фаъолнокӣ нишон диҳанд. Вай ҳамчунин изҳороти додситонии кулли ҷумҳурии Узбакистонро як амали саросемавор арзёбӣ карда, ба дунболи ин меафзояд, ки дар ҳар сурат вуқӯъи ин ҳодиса Қирғизистону Узбакистонро дар як вазъи хеле ногувор қарор дод.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, баъди анҷоми ҳодисаҳои марбут ба ҳамлаи ашхоси номаълум болои посгоҳи Хонободи Андиҷон ва ба эътидол омадани вазъ дар қаламрави ин вилояти Узбакистон як мард бо анҷоми як ҳамлаи маргталабона ҳам худ ва ҳам ходими милисаро куштааст, бар асари инфиҷор боз чанд раҳгузар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Ин ҳодисаро дафтари матбуоти додситонии кулли ҷумҳурии Узбакистон таъйид кардааст.

Аксарияти коршиносони қирғиз аз вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар Хонободи Андиҷон сарпечӣ мекунанд ва перомуни изҳороти додситонии кулли ҷумҳурии Узбакистон, ки гуфтааст, силоҳбадастон аз Қирғизистон ба хоки Узбакистон ворид шудаанд, хомӯширо афзал мешуморанд.
XS
SM
MD
LG