Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имшаб дар Хонободи Узбакистон чӣ гузашт?


Гузаргоҳи басташудаи Интимоқ дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон
Гузаргоҳи басташудаи Интимоқ дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон

Шаби гузашта дар посгоҳи марзии Хонобод инфиҷорҳо ва як даргирӣ байни нирӯҳои пулис ва силоҳбадастони ношинос мушоҳида шудааст.

Шаби душанбе ба сешанбе дар посгоҳи марзии Хонобод, воқеъ дар марзи вилояти Андиҷони Узбакистон бо Қирғизистон инфиҷорҳо рух дода ва як даргирӣ байни нирӯҳои пулис ва силоҳбадастони ношинос мушоҳида шудааст. Аммо ҷузъиёти ҳодиса ҳамчунон зиддунақиз боқӣ мемонад. Аммо ҷузъиёти ҳодиса ҳамчунон зиддунақиз боқӣ мемонад. Мақомоти расмӣ танҳо ҳамла ба посгоҳи марзии Хонободро эътироф кардаанд, вале ба гуфтаи манобеъи дигар, қароргоҳи бахшҳои Хадамоти амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Хонобод низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Матбуоти расмии Узбакистон дар бораи ин ҳодиса, ки ҳамагӣ 2 ҳафта баъд аз солгарди чорум ошӯбҳои хунини Андиҷон рух дод, аслан чизе намегӯяд. Хабари аввали расонаҳои расмии Узбакистон дар рӯзи 26 май бо як сафари расмӣ роҳии Бразилия шудани раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов буд.

Светлана Ортиқова, сухангӯи додситонии кулли Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ шаби гузашта ба посгоҳи марзӣ ҳамла кардааст: “Дар ҳақиқат, чунин ҷиноят рух дод. Гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба як посгоҳ дар марзи Узбакистон бо Қирғизистон ҳамла овард. Феълан дар иртикоби ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гурӯҳи фаврӣ таъсис ёфт, ки ба хотири кашф ва боздошти ҷинояткорон як силсила амалиёт ба роҳ андохтааст. Вазъ ба сурати умум собит аст ва ба ҳамлагарон посухи сазовор дода шуд. Касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.”

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Ассошиэйтед Пресс дар бораи ҳамла ба посгоҳи пулис дар Хонобод хабар дода, аз қавли радиои Қирғизистон навишт, ки ҳамлаи шаби гузашта 4 афсарро кушта барҷой гузошт.

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Узбакистон ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтааст, силоҳбадастон дар Хонобод қароргоҳи дафтарҳои маҳаллии ниҳодҳои амният ва умури дохилии Узбакистонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи ҳамон як ҳамла ваё ду ҳамлаи алоҳида меравад. Ба гуфтаи ин манбаъ, бино бар маълумоти муқаддамотӣ, ин ҳамла тавассути ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом шуда, ҳамлагарон, ки шуморашон на беш аз 5 нафар будааст, тавонистаанд фирор кунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки дар ҳамлаи Хонобод то 20 нафари мусаллаҳ ширкат доштаанд. Манбаъи Интерфакс роҳандозӣ шудани амалиёт ба хотири муҳосираи маҳалли ҳодиса ва ҷустуҷӯи ҳамлагаронро таъйид карда, гуфтааст, режими ҳифозати марз бо Қирғизистон ба хотири пешгирӣ аз фирори ҷангиён шадид карда шуд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як баёния навишт, ки дар пайи инфиҷорҳо дар шаҳри Хонобод низоми равуоро дар марз шадидтар кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон навишт, ки соати дуи шаб дар шаҳри Хонободи Узбакистон таркишҳо мушоҳида шудаанд ва нирӯҳои интизомии Узбакистон ба дунбол режими ҳифозати марзро шадид кардаанд. Бино бар ин баёния, феълан тавассути ин минтақаи марзи Узбакистону Қирғизистон убуру мурури танҳо сокинони навоҳии наздимарзӣ ва сокинони ҷазирақаламрави Сӯх иҷозат будааст. Марзбонони қирғиз қаблан гуфта буданд, ки Узбакистон ду посгоҳи марзиро, ки якеаш вилояти Андиҷонро бо вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ва дуввумӣ бо вилояти Ӯш мепайваст, бастааст. Марзбонони қирғиз низ ба навбаи худ режими ҳифозати марз бо Узбакистонро шадидтар кардаанд.

Сокинони шаҳри Андиҷон, ки дар тақрибан 80-километрии Хонобод воқеъ аст, мегӯянд, субҳи сешанбе садои дасти кам як таркишро шунидаанд. Сокинони Андиҷон афзоиши ҳузури нирӯҳои низомиро низ таъйид мекунанд. Як сокини шаҳри Андиҷон дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ҳайронем, ки дар ин ҷо чӣ мегузарад? Як кас мегӯяд, ки ба додситонӣ ҳамла кардаанд, дигарӣ мегӯяд, ки не, ба шӯъбаи милиса. Ҳайрон мондаем, ки чӣ гап бошад? Худи шаҳри Андиҷон пур аз низомиён шудааст. Ман субҳ мехостам, ба бозор биравам, вале ягон таксист барои рафтан ба самти маркази шаҳр розӣ нашуд.”

Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинони Андиҷон навишт, ки дар кӯчаҳои ин шаҳр танкҳо дида мешаванд ва маъмурони пулис дар ағлаби гӯшаҳои Андиҷон мустақар шудаанд.

Дар моҳи майи соли 2005 ҳукумати Узбакистон тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷонро бо истифода аз нирӯ саркӯб кард. Мақомот ҳалокати 187 нафаррро дар Андиҷон эътироф кард, вале фаъолони ҳуқуқи башар дар бораи кушта шудани садҳо нафари ғайринизомӣ дар он ошӯбҳо сӯҳбат мекарданд. Талаби таҳқиқи мустақил ва байналмилалии амалкардҳои Тошканд дар Андиҷон мунҷар ба таниши шадиде дар равобити Узбакистон бо Ғарб шуд ва Тошканд дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон ҳатто нирӯҳои Амрикоро аз қаламраваш берун кард.
XS
SM
MD
LG