Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди иддаои Узбакистон аз ҷониби Бишкек


Чолпонбек Турузбеков, муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо оид ба ин гӯё гурӯҳи мусаллаҳи ҳамлагар аз хоки Қирғизистон вориди қаламрави Ӯзбакистон шуда, баъдан ба марзбонони ӯзбак дар посгоҳи Хонобод ҳамла кардааст, аз ҳақиқат дур аст.

Додситонии кулли Ӯзбакистон шоми дирӯз, 26-уми май, бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, шаби 25 ба 26 май «гурӯҳи иборат аз 2-3 бандит» бо истифода аз маводи тарканда ба посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод дар вилояти Андиҷон ҳамла овардааст. Ба гуфтаи додситонии Ӯзбакистон, бар асари задухӯрде, ки сурат гирифт, як корманди милиса ва як ҳамлагар захм бардоштанд. Додситонии Ӯзбакистон гуфт, ин гурӯҳ аз хоки Қирғизистон ворид шуда буд. Тошканд тахмин мезанад, ки ин афрод аъзои гурӯҳи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мебошанд.

Аз рӯи иттилои муовини раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҳоло кулли посгоҳҳои марзии Ӯзбакистон бо Қирғизистон, ба ҷуз посгоҳҳои Барак ва Сух ҳама баста шудаанд. Мақомоти Қирғизистон то ҳол дар заминаи рӯйдодҳои рӯзи гузаштаи Андиҷон расман мавқеи худро баён накардаанд.

Дар хабари марбут ба тирандозиҳо ва дасти кам як таркиш дар посгоҳи марзии Ӯзбакистону Қирғизистон тафсилоти зиёд дар даст нест ва паёмадҳои ин ҳодиса низ мушаххас нашудааст. Сухангӯи додстонии кулли Ӯзбакистон Светлана Ортиқова гуфт, дар робита бо ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ болои посгоҳи марзии Хонобод парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Вай гуфт, дар ин ҳодиса ҳеҷ кас осеб надидааст.

Дар нимаи дуюми рӯзи 26-уми май дар Андиҷон, тибқи гузоришҳо, марде бо маводи тарканда ба полисе ҳамла карда ӯро ба ҳалокат расондааст. Дафтари матбуоти додситонии кулли Узбакистон хабар дода, ки бар асари ин ҳамлаи маргталабона як корманди умури дохила кушта ва чанд раҳгузар захмӣ шудаанд.

Узбакистон ба дунболи ин ҳаводис марзаш бо Қирғизистонро баст ва бино ба хабарҳои расида, ба вилояти Андиҷон нируи иловагӣ ворид кард.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинони Андиҷон навишт, дар кӯчаҳои ин шаҳр танкҳо дида мешаванд ва маъмурони пулис дар ағлаби гӯшаҳои Андиҷон мустақар шудаанд.

Дар моҳи майи соли 2005 ҳукумати Узбакистон тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷонро бо истифода аз нирӯ саркӯб кард. Мақомот ҳалокати 187 нафаррро дар Андиҷон эътироф кард, вале фаъолони ҳуқуқи башар дар бораи кушта шудани садҳо нафари ғайринизомӣ дар он ошӯбҳо сӯҳбат мекарданд. Талаби таҳқиқи мустақил ва байналмилалии амалкардҳои Тошканд дар Андиҷон мунҷар ба таниши шадиде дар равобити Узбакистон бо Ғарб шуд ва Тошканд дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон ҳатто нирӯҳои Амрикоро аз қаламраваш берун кард.
XS
SM
MD
LG