Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи ҷадиди додгоҳӣ алайҳи Сан Су Чӣ


Аунг Сан Су Чӣ
Аунг Сан Су Чӣ

Раҳбари мухолифини Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аунг Сан Су Чӣ рӯзи душанбе ба додгоҳ эҳзор шуд. Додгоҳи ӯ дар зиндони Янгон пушти дарҳои баста мегузарад.

Мақомоти режими низомии Мянмар раҳбари мухолифинро, ки 13 сол аз 19 соли ахири зиндагиашро таҳти ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст, дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ айбдор мекунанд ва дар сурати ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳом, Сан Су Чжӣ имкон дорад, барои 5 сол равонаи зиндон шавад.

Дар авоили моҳи равон як шаҳрванди Амрико ба хотири дидор бо Сан Су Чӣ кӯлеро, ки дар назди манзили ӯст, шино карда гузашт. Мақомот ба дунбол ӯро ба нақзи шароити ҳабси хонагӣ, ки мӯҳлаташ мебоист дар поёни моҳи ҷорӣ ба анҷом мерасид, муттаҳам карданд ва қазияро инак ба додгоҳ кашониданд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва кишварҳои Ғарб режими низомии Мянмарро ба он айбдор мекунанд, мехоҳад бо эълони иттиҳомоти ҷадид Сан Су Чиро дар пешорӯи интихоботи чандҳизбие, ки қарор аст, соли оянда барпо шавад, ҳамчунон дар боздошт нигоҳ бидорад.
Рӯзи душанбе даҳҳо тан аз тарафдорони Сан Су Чӣ дар наздикии зиндони Янгон, пойтахти собиқ ва бузургтарин шаҳри Мянмар, гирди ҳам омаданд. Додгоҳи ӯ пушти дарҳои баста ва таҳти тадобири шадид дар зиндони Янгон мегузарад.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе гуфт, ки дар андешаи шадидтар кардани таҳримоташ алайҳи режими Мянмар шудааст.
XS
SM
MD
LG