Хабаргузориҳо ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳалокати чандин нафар, ба шумули роҳибони буддоӣ, ки аз ташкилкунандагони раҳпаймоӣ мебошанд, иттилоъ додаанд. Дар ҳоле ки полис даҳҳо нафар аз эътирозгаронро боздошт кардаву дар мошинҳо ба самти номаълум мебарад, ҳазорон нафар аз иҷрои дастури полис саркашӣ мекунанд. Яке аз роҳибон дар садри гурӯҳи шариконаш дар ҳоле шиор мезанад, ки тамошогарон аз пойфишории ӯ дар баробари полис истиқбол мекунанд.
Задухӯрдҳои имрӯза замоне шурӯъ шуданд, ки ҳукумати ҳарбии Мянмар қуюди шабгардӣ ва манъи ҳамоишҳои оммавиро эълон кард. Хабарҳое расидаанд, ки даҳҳо нафар аз фаъолони ҳуқуқи инсон ва ба вижа онҳое ки раҳпаймоиро бо обу озуқа таъмин мекарданд, ба ҳабс гирифта шудаанд.
Бритониё хостори даъвати фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гардид, то дар он вазъи Мянмар баррасӣ шавад. Ин даъват аз ҳаросе ба миён омадааст, ки мумкин аст, рӯйдодҳои соли 1988 дар Мянмар такрор шаванд. Дар саркӯб кардани эътирозгарон дар он вақт зиёда аз 3 ҳазор нафар аз тарафдорони Сан Су Чи, раҳбари ҳаракати демократӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобел кушта шуда, ҳазорон нафари дигар ба шумули Сан Су Чи зиндонӣ гаштанд. Су Чи 19 сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки таҳримҳои зидди Бирмаи собиқро ба мартиб қавитар хоҳад кард. Фаронса, Олмон, Ҷопон ва Сингопур ба ҳукуматдорони Мянмар ҳушдор дода буданд, ки коре бар зидди намоишгарон накунад.
Ҳукумати ҳарбии Мянмар вуруди ҳама гуна хабарнигорони хориҷиро ба кишвар манъ карданд ва тафсилоти рӯйдодҳои ахир дар шакли порчаҳои видеоӣ, акс ва иттилоъ асосан аз манобеъи маҳаллӣ ва умдатан ба воситаи интернет нашр мешаванд. Ин ҳам як тафовути дигари рӯйдодҳои ахир аз ҳодисаҳои соли 1988 аст. Аммо ин иттилоъ танҳо аз Йангун расида, вазъ дар дигар манотиқи Мянмар, ки низ оғуштаи намоишу раҳпаймоиҳост, номаълум боқӣ мемонад.
Ту беватан боши айби ким? Мо ВАТАН дорем!!!
Джамилбой кабл аз он ки чизе нависи камтар аз таьрих ва фарханги форси забонон огох шав таьриху фарханг факат арузу кофия нест. Хидмати форси забон онон ки ба дини мубини ислом карданд камтар аз арабхо нест. Андеша хам хуб чизест. Кабл аз ин арабро бишноси худатро бишнос.
Мувофики конуни ЧТ касоне ки пас аз даьват ба ватан барнаштанд ки ба гуфтай худашон мавриди авф чаноб карор гирифтаанд ва пас аз тафтишот бегунох дониста шудан набояд ба зиндон меандохтанд вале бозам паёми чаноб нодида гирифта шуда онхоро ба солхой дароз аз озоди махрум карданд!!!! Ба ки бояд дод гуфт??
Беҳтар буд ба ҷойи тағйири имло, гуфтугу бо забони адабиро ташвиқ мекардед, ки дигар мардум вай вай чову ко, чошид пошид намегуфт ва дуруст гап мезад. Баъд имлоям метавонистем, иваз кунем, ё хати форсиро ҳам дар паҳлуяш меомухтем. Он вақт ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид.
Арманихо таьрих гуфта ба хама гиря кардан,вале бо таьрих гуфтан ба ягон максад нарасиданд. Ба имруз пагох нигох кунед. Ришваю фасод, тагабози, судхои пушти дари баста..... айни замон ана инро бояд фикр кард. Э безор каред. Дигар миллатхо фикри кайхонро доранд мо асри 7 8 гуфта мегарем