Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Буш аз вазъи ҳуқуқи башар дар Чин


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи панҷшанбе аз давлати Чин даъват кард, вазъи ҳуқуқи башарро дар он кишвар беҳбуд бахшанд.

Ҷорҷ Буш, ки бо як силсиласафари ҳафтрӯза дар қораи Осиёи ба сар мебарад, дар Бангкок, пойтахти Таиланд раисиҷумҳури Амрико, ба таъбири худи ӯ, “мухолифати ошкор”-аш ба боздошти дигарандешон, мудофеъони ҳуқуқи инсон ва фаъолони мазҳабӣ аз сӯи мақомоти Чинро эълон кард. Ин интиқоди шадидуллаҳни президенти Амрико аз амалкардҳои давлати Чин дар ҳоле садо медиҳанд, ки қарор аст, Ҷорҷ Буш имрӯз ба дунболи боздидаш аз Кореяи ҷанубӣ ва Таиланд ва ба хотири ширкат дар расми ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ, вориди Пекин, пойтахти Чин шавад.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, ки дар Бангкок, пойтахти Таиланд, сӯҳбат мекард, бо як лаҳни нисбатан шадид ба интиқоди вазъи ҳуқуқи башар дар Чин пардохт ва гуфт, ки ӯ ба таври мунтазам аз мақомоти Пекин даъват мекунад, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон расидагӣ кунанд:

“Ман нигаронии мо дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ ва ҳуқуқи башарро ба раҳбарони Чин ба возеҳу ошкор ва мунтазам изҳор мекунам. Ман бо дигарандешон ва мазҳабиёни чиноӣ борҳо мулоқот кардаам. Иёлоти Муттаҳида мӯътақид аст, ки мардуми Чин шоистаи як озодии аслӣ ҳастанд. Ин ҳаққи табиӣ ва инсонии онҳост”.

Ҷорҷ Буш ба ҷузъиёти он масоиле ҳам пардохт, ки мояи аслии нигаронии Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Чин шудааст. Ҷорҷ Буш гуфт, Вошингтон мухолифи боздошти дигарандешони сиёсӣ, мудофеъони ҳуқуқи башар ва фаъолони мазҳабӣ аз сӯи мақомоти чиноист. Ӯ афзуд, ки Амрико ин масъалаҳоро ба хотири он бозгӯ намекунад, ки бо раҳбарони Пекин душманӣ биҷӯяд, балки мехоҳад ба самъи чиноиҳо бирасонад, ки зистан дар озодии бештар ба он кишвар шароит фароҳам меорад, то аз имконоте ки дорад, ба гунаи боз ҳам комилтар баҳрабардорӣ кунад.

Ҷорҷ Буш дар ҳоле ин ҳарфҳои интиқодомез дар қиболи давлати Чинро ба забон меовард, ки дар садади сафар ба Пекин ба хотири ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи Олимпист. Мизбонии ин Бозиҳоро имсол пойтахти Чин бар ӯҳда дорад ва расми гушоиши Олимпиада дар Пекин рӯзи ҷумъа, 8 август доир мешавад.

Ва аммо интиқоди президенти Амрико дар Бангкок танҳо аз Пекин набуд. Вошингтон солҳост, ки аз мунаққидони ошкори режими Мянмар, собиқ Бирма, яке дигар аз кишварҳои ҷануби Осиёст ва Амрико ахиран, дар пайи саркӯб шудани тазоҳуроти тарафдорони демократия дар он кишвар, таҳримоти худ алайҳи генералҳои ҳоким бар Мянмарро хеле шадидтар кард. Ҷорҷ Буш дар пойтахти Таиланд бо як лаҳни, дар муқоиса бо танқиди Чин, боз ҳам шадидтаре лаб ба накӯҳиши режими ҳоким дар Мянмар кушод ва бори дигар, ҳамраъйиву ҳамбастагии кишвараш бо мардуми Мянмар ва раҳбарони мухолифини он кишвар Аунг Сан Суу Киро, ки 19 сол боз таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад, изҳор дошт.

Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Амрико дар Бангкок аз хунтаи ҳоким бар Мянмар, Бирмаи пешин, интиқод мекард, хонуми аввали Амрико Лаура Буш аз як урдугоҳи паноҳандагон дар марзи Таиланд бо он кишвар дидан кард. Дар ин урдугоҳ ҳазорон нафаре паноҳ бурдаанд, ки ватани худро иҷборан ва таҳти фишор тарк гуфтаанд.

Интиқоди Ҷорҷ Буш аз хунтаи низомии Мянмар зимнан дар арафаи солгарди 20-уми бузургтарин тазоҳуроти мардум бар зидди он хунта дар пойтахти вақти Мянмар, шаҳри Рангун, садо дод. Рӯзи 8 августи соли 1988 донишҷӯён, роҳибони буддоӣ ва ҳатто теъдоде аз толибилмони макотиби низомии Мянмар ба нишони эътироз ба хунта ба кӯчаҳои Рангун рехтанд.

Раҳбари мухолифини он кишвар Аунг Сан Суу Ки дар пайи ҳамон тазоҳурот боздошт шуд ва баъди раҳоӣ аз зиндон инак беш аз 19 сол мешавад таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ҳатто эътои ҷоизаи сулҳи Нобел ба Суу Ки дар соли 1991 ва даъватҳои мукаррари ҷомиаи байналмилалӣ ба озодии ӯ то кунун натавонистааст раҳбарони хунтаи Мянмарро ба раҳоии ин дигарандеши сиёсӣ аз ҳабси хонагӣ моил кунад.

XS
SM
MD
LG