Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ҳақ аст, рӯзноманигор ё раиси ноҳия?


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Тоҷикистон, Иттиҳодияи Рӯзноманигорони ин кишвар, НАНСМИТ, Медиа Алянс ва Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон эъломияи муштарак пахш ва аз таъқиби ҳадафмандонаи шаҳрванд Озодбек Хосабеков изҳори нигаронӣ кардаанд. Озодбек ба нишонии Асадуллоҳ Ғуломов-муовини нахуствазири Тоҷикистон номаи сарбоз фиристодааст. Ин нома, ки дар нашрияи "Азия Плюс" зери номи "Пулҳо куҷо рафтанд?" ба табъ расид, аз фаъолияти раёсати сохтмонии вилояти Бадахшони Кӯҳистонӣ интиқод кардааст. М. Раҳматов-раиси ин идора ба додгоҳи ноҳияи Рӯшон шикоят бурдааст ва хостори ҷуброни зарари маънавӣ шудааст. Сипас бо шикояти дигари вай додгоҳи ин ноҳия бар зидди Хосабеков барои ин мақола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ниҳодҳои дифоъ аз озодии баён дар Тоҷикистон, яъне Иттиҳодияи Рӯзноманигорони ин кишвар, НАНСМИТ, Медиа Алянс ва Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз додгоҳи Олӣ ва Додситонии Кулли Тоҷикистон хостаанд, ки ҳуқуқи қонунии Озодабеков барои озодии баён поймол нашавад.
XS
SM
MD
LG