Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Шӯрои Амният дар бораи бин Лодин


Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз хабари кушта шудани раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин изҳори қаноатмандӣ кард. Дар ҷаласаи вижаи он рӯзи душанбе Шӯрои Амният аз ҳамлаҳои ғайриинсонии Ал-Қоида дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ёдовар шуд ва гуфт, ҳеҷ ҳадафу сабабе вуҷуд надорад, ки қатли одамони бегуноҳро сафед кунад. Шӯрои Амният дар изҳороти махсусе ба зарурати таҳкими мубориза бо терроризми байнулмилалӣ даъват кард. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, терроризм набояд бо ҳеҷ ягон дину мазҳаб, миллияту нажод, тамаддун ё гурӯҳ марбут дониста шавад.
XS
SM
MD
LG