Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Амрико Усомаро дар Покистон куштанд


Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Усома Бен Лоден-раҳбари Ал-Қоида дар Покистон аз сӯи нируҳои Амрико кушта шудааст. Обама афзуд, ҳатто баъд аз куштори тарроҳи ҳамлаҳои террористии 11-ӯми сентябри соли 2001 ба Амрико мубориза бар зидди Ал-Қоида давом хоҳад кард. Обама гуфт:

“Марги Бен Лоден муҳимтарин дастовард то ба имрӯз дар муборизаи миллати мо барои шикасти Ал Қоида аст. Вале марги вай нишонаи поён ёфтани талошҳои мо нест. Шаке нест, ки Ал-Қоида ҳамлаҳоро бар зидди мо идома диҳад. Мо бояд ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳушёр бошем ва хоҳем буд”.

Усома дар 100 километрии Исломобод дар қароргоҳи худ дар шаҳраки Абботобод кушта шуд. Ба гуфтаи Обама, аз нируҳои Амрико касе талаф наёфтааст.
XS
SM
MD
LG