Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи издиҳом ба миссияҳои хориҷӣ дар Либия


Манзили тахрибшудаи Сайфулараб Қаззофӣ
Манзили тахрибшудаи Сайфулараб Қаззофӣ
Издиҳоми хашмолуд дар посух ба ҳамлаи ҳавоии НАТО, ки бино ба хабарҳо, мунҷар ба ҳалокати писар ва 3 набераи Муаммар Қаззофӣ шуд, ба дафтарҳои СММ ва бархе миссияҳои хориҷӣ дар Троблус ҳамла овард. Як мақоми СММ ба ББС гуфт, ҳайъати ин дафтар дастикам то ҳафтаи оянда аз Либия берун кашида хоҳад шуд. Бритониё дар пайи ҳамла ба таъсисоташ сафири Либияро ба ҳузур хонда, вазорати хориҷаи Итолиё ҳамла ба сафораташро ҳамчун “амали вандализм” маҳкум кард. Итолиё ахиран ба амалиёти НАТО алайҳи Либия пайваст. Дар назди миссияи Амрико дар Троблус низ эътирозҳо доир шудааст.
Бино ба хабарҳо, Муаммар Қаззофӣ шаби шанбе аз як зарбаи ҳавоии НАТО дар минтақаи Бобулазизияи Троблус ҷон ба саломат бурд, вале дар ин ҳамла Сайфулараб, писари 29-солаи Қаззофӣ ва 3 наберааш кушта шуданд. Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим ин ҳамларо сӯъиқасди мустақим ба ҷони Қаззофӣ номид.
НАТО мустақиман қасди ҷони Қаззофӣ карданашро радд карда, гуфт, афродро ҳадаф намегирад ва ин ҳамла як бахши тавсиаи амалиётҳояш дар Либия буд.
Вакили парлумони Русия Константин Косачёв вале дар шарҳи ҳамлаи шаби шанбеи НАТО гуфт, “шавоҳиди ҳарчӣ бештаре ҳокист, ки ҳадафи эътилоф аз байн бурдани Қаззофист.”
XS
SM
MD
LG