Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писар ва 3 набераи Қаззофӣ кушта шуд


Мақомоти Либия мегӯянд, ҳокими ин кишвари арабӣ Муаммар Қаззофӣ аз як зарбаи ҳавоии НАТО алайҳи манзилаш дар Троблус ҷон ба саломат бурдааст. Аммо ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати як писари 29-солаи Қаззофӣ ва 3 набераи ӯ шудааст. Паймони НАТО дар як баёния мустақиман ҳадаф гирифтани Қаззофӣ ё аъзои хонаводаи ӯро радд кард ва гуфт, “мо афродро ҳадаф намегирем.” Ин баёния замоне нашр шуд, ки сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳм ба хабарнигорон гуфт, “ин ба ҳама рӯшан аст, ки ончи ки дар Либия мегузарад, рабте бо дифоъ аз мардуми мулкӣ надорад.”
Амалиёти Либия, ки бар асоси қатъномаи СММ оғоз ёфт, ба хотири кумак ба чирикиҳоест, ки мехоҳанд Муаммар Қаззофиро баъд аз 42 соли ҳукуматаш бар Либия барандозанд. Чирикиҳо дар ҳоли ҳозир бахши аъзами шарқи ин кишвари арабии Африқои шимолиро дар назорат доранд.
Генерал-лейтенанти канадоӣ Шарл Боучард, ки фармондеҳии амалиёти НАТО дар Либияро бар дӯш дорад, гуфт, ҳамлаи ахир ба Троблус танҳо бахше аз стротежиест, ки аз байн бурдани марокизи фармондеҳии ношии таҳдид ба мардуми мулкиро ба ҳадаф дорад. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи давлати Либия гуфт, ҳарсе кӯдаки кушташуда ноболиғ буданд.
XS
SM
MD
LG