Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ашт зиёни сели ахирро ҳисоб мекунанд


Як куммиссиюни вижаи давлатӣ ба бароварди ҳаҷми хисороти селу обхезии ахир дар ноҳияи Ашт шурӯъ кардааст. Исмоил Исмоилов, раҳбари ситоди ҳолоти изтирорӣ дар вилояти Суғд ба «Азия Плюс» гуфтааст, ин офати табиӣ бештар ба ҷамоатҳои Ашту Ошоба зарба зад. Бино ба хабарҳо, 2 километр роҳ дар рустои Ғудос тахриб шудааст. Сел ҳамчунин роҳи байни рустоҳои Оби Ашт, Қисқоқат ва Ашти болоро дар 14 мавзеъ шуста, беш аз 10 сар чорворо ба коми худ кашидааст. Хушбахтона, касе аз мардум дар ин офат осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG