Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар давоми имсол сиёсати нави муҳоҷират таҳия мекунад


Хадамоти муҳоҷирати Русия дар давоми як сол пешнависи сиёсати нави муҳоҷирати ин кишварро таҳия ва пешниҳод хоҳад кард. Дар ин бора Константин Ромодановский-раиси ин хадамот ба матбуоти Русия хабар додааст. Ба гуфтаи вай, сиёсати нави муҳоҷират бо назардошти ниёзҳои иқтисодии Русия таҳия ва тибқи он коршиносони варзида аз хориҷ ба Русия даъват хоҳанд шуд. Дар таҳияи ин санад на танҳо кормандони хадамоти муҳоҷират, балки коршиносон аз ниҳодҳову муассисаҳои дигар ҷалб мешаванд. Ромодановский гуфтааст, аз аввали моҳи июли соли гузашта то ҳол 7 000 нафар коршиносони варзида аз Олмону Фаронса ва Италия ба Русия даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG