Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О.Бобоназарова мегӯяд, додгоҳи Рақибов бо иштибоҳи зиёд ҷараён гирифт


Ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова, ки аз мурофиаи додгоҳӣ назорат мекард, гуфт, бо вуҷуди ин ки худи мурофиаи додгоҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои қонун ҷараён гирифт, вале худи иттиҳом, ба ҷавобгарӣ кашида шудани чаҳор нафар барои “ҷинояте, ки маълум нест Рақибовҳо содир кардаанд ё на”, дуруст нест:


“Прокурор онҳоро айбдор мекард, ва онҳо, ки адвокат надоштанд, он се зан ҳатто намефаҳмиданд, ки онҳоро гунаҳгор мекунанд. Аз ҳама асосӣ ин ки зарурати ҳабси пешакии вай одам набуд.

Одамро танҳо дар ҳолати хавфнок будани ӯ барои ҷамъият бояд ба ҳабси пешакӣ гиранд. Ман аз ҳукми додгоҳ қаноатманд нестам. Инҳо дар як ҳолати вазнин буданд ва агар ҳам касе санг партофту шишаро шикаст, ҳоло маънои онро надорад, ки чор нафарро ҷазо бидиҳанд".

Хонум Бобоназарова афзуд, ки додгоҳи Рақибов баёнгари он буд, ки дар системаи адлияи Тоҷикистон ҳамоно шеваи бархӯрди замони шӯравӣ ҳукмрон аст, “вақте додгоҳ бо вуҷуди ҳама шаҳодати лозима аммо омода нест, ки ҳукми сафедкунандаро нисбати айбдоршаванда содир кунад, аз он хотир, ки ин маънои роҳ ёфтани иштибоҳ дар ҷараёни баррасии қазияро хоҳад дошт”.
XS
SM
MD
LG