Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти зодномаи Обамаро нашр карданд


Кохи Сафед нусхаи шаҳодатномаи комили таваллуди Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро нашр кард, то ба суолҳо доир ба макони таваллуди ӯ посух бидиҳад. Барак Обама дар як баёнияи кӯтоҳи матбуотӣ гуфт, умедвор аст, нашри ин санад, тахминҳои беасос доир ба макони таваллуди ӯро аз байн мебарад ва афзудааст, ҳукумати Амрико дар ин вақти мушкил барои иқтисод барои “ҳамоқат” вақт надорад. Дар зодномаи Барак Обама омадааст, ки ӯ дар аёлати Ҳавайӣ ба дунё омадааст, ки ба ӯ иҷоза медиҳад, ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико интихоб шавад. Барак Обама, пеш аз интихобаш дар соли 2008 нусхаи кӯтоҳи шаҳодатномаи таваллудашро нашр кард, вале ин ҳафта хост, то шаҳодатномаи комилро нашр кунанд, то баҳсҳои тӯлонӣ ба сари макони таваллуди ӯ аз байн равад.
XS
SM
MD
LG