Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 ҷангӣ дар ҷумҳурии Кабардину Балқар


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, дар як даргирӣ бо нирӯҳои амниятии Русия дар Ҷумҳурии Кабардину Балқар, дар минтақаи Қафқози шимолӣ, 3 ҷангӣ кушта шуда шуданд. Мақомот мегӯянд, мақомот мехостанд шоми якшанбе дар ноҳияи Баксан, шимолу ғарби пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Налчик, як мошини “ҷип”-ро боздошт кунанд. Аммо сарнишинони он ба тирпаронӣ оғоз карданд ва бар асари таркиши бомбе, ки дар дохили мошини онҳо буд, 3 нафар кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз бар асари таркиши бомб дар Назран, бузургтарин шаҳри Ингушистон, як ҷумҳурии дигари низ умдатан мусулмоннишини Қафқози шимолӣ, 3 нафар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG