Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии хушбинона роҷеъ ба иқтисоди Амрико


Бен Бернанке-раиси Бонки Марказии Амрико дар бораи поён ёфтани ақибравии иқтисод пешгӯии хушбинона кард. Вай гуфт, интизор аст, ки дар соли ҷорӣ иқтисод ба пешравӣ шуруъ мекунад. Оқои Бернанке ин суханонро дар ҷаласаи кумитаи муштараки иқтисодии Конгресс баён дошт. Дар гузашта ҳам оқои Бернанке гуфта буд, ки агар давлат битавонад субот дар бозорҳои молиро таъмин кунад, поинравии сатҳи иқтисод муттаваққиф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG