Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канисаи нави яҳудиҳои Душанбе расман боз шуд


Маросими ифтитоҳи канисаи яҳудиёни Душанбе бо иштироки масъулини давлат, бархе аз сафирони хориҷӣ, намояндагони рӯҳоният, афроди шинохта ва меҳмонони ҷамоаи яҳудиён аз кишварҳои Амрикову Исроил баргузор шуд.

Ин каниса дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Бинои канисаро ҳудуди як моҳи пеш Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон, баъд аз таъмиру бозсозӣ дар ихтиёри ҷомеъаи яҳудиёни пойтахт қарор дод. Роҳибони канисаи мазкур кушоиши ин ибодатхонаро як саҳифаи наве дар таърихи яҳудиёни муқими Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Зери навоҳои тоҷикӣ ва бо нишоти тамоми яҳудиёни Тоҷикистон ва меҳмонони аз дуру наздик омада ибодатхонаи нав барои ҷамъияти яҳудиён дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе расман ба фаъолият оғоз кард.

Канисаи нав боз шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00


Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён дар шаҳри Душанбе, бо изҳори сипос ва шукргузории беандоза аз Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тақдими бинои мӯҳташам гуфт, ҳамакнун ин кӯшк ба сифати маркази фарҳангӣ ва канисаи яҳудиён дар хидмат қарор хоҳад гирифт. Хохоми канисаи яҳудиён афзуд, ки инак мушкилоти миёни ҷамоаи яҳудиён бо ҳукумат дар пайи тахриби канисаи қаблии онҳо ҳал шуда ва гузашта аз ин барои анҷоми фароизи мазҳабии онҳо шароити хубтару беҳтаре дар пойтахти Тоҷикистон фароҳам шудааст.

Ӯ мегӯяд, «ман метавонам бигӯям кӯшке, ки бародарони тоҷики мо ҳадя карданд, сазовори ҳама гуна таҳсину офарин аст. Саҳифае наве дар зиндагии ҷамоаи яҳудиён дар Тоҷикистон чӣ дар бахши маънавиёту фарҳанг ва чӣ дар бахши моддиёти мо боз шуд».

Дар ҳамин ҳол Мавлон Мухторов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, кушоиши ибодатхона барои яҳудиён дар шаҳри Душанберо як гоме мусбат дар таҳкими равобити миёни тоҷикон ва яҳудиёни тамоми ҷаҳон талаққӣ кард. Ҳамзамон оқои Мухторов гуфт, ки агарчи ибодатгоҳи мазкур ҳамчун маркази фарҳангии тоҷикону яҳудиён бо номи «Дӯстӣ» ёд мешавад, аммо он то кунун расман сабти ном нашудааст.

Ҳабибулло Аъзамхонов, имом-хатиби масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе, ки канисаи нави яҳудиён дар қарибии он ҷойгир шудааст, кушоиши ин ибодатхонаро барои обидони он табрик кард. Оқои Аъзамхонов, ки низ дар шумори меҳмонони ин маросим ҳузур дошт, гуфт, таъсис ва ташкили ин марказ барои оромишу субот ва ваҳдати ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Трейсӣ Ҷекобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, низ гуфт, ифтитоҳи ин каниса ва иштироки ҷамъи зиёди тоҷирону сарватмандон аз ҷамоаҳои яҳудиёни кишварҳои мухталифи олам як навъ замина ва баҳонае хоҳад шуд барои равнақи корҳои тиҷорат ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон:

«Ин як нишона ё фоли нек аст. Зеро дар ин ҷо як ҳайати бузурге омадааст, ки на танҳо аз Амрико, балки аз дигар кишварҳо низ ҳастанд. Дар миёни онҳо тоҷирону соҳибкорон кам нестанд, ки мавриди истиқболи гарм қаро гирифтанд ва албатта чунин пазироӣ ва ошноӣ имкон медиҳад, ки дар оянда робитаҳои судманд роҳандозӣ шавад».

Ба ин тартиб дар маросими ифтитоҳи канисаи яҳудиён дар Душанбе намояндагони ҷамоаҳои яҳудиён, аз ҷумла яҳудиёни бухорӣ аз кишварҳои Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар, иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки наздики 50 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар, ки бештари онҳо зода ва парвардаи Тоҷикистон буданд дар ин маросим иштирок доштанд. Мавриди зикр аст, ки бинои пешини канисаи яҳудиён ба иллати дар ҳудуди сохтмони Қасри миллат қарор гирифтанаш, дар як соли пеш тахриб шуд.
XS
SM
MD
LG