Пайвандҳои дастрасӣ

Ибодатгоҳи яҳудиён дар Душанбе бар асоси тарҳи сохтмони муҷтамаи Қасри миллат, бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тахриб шуд.

Баҳси ибодатгоҳи яҳудиён ва шаҳрдории Душанбе аз ду сол ба ин ҷониб идома дошт ва ахиран додгоҳ ин баҳсро ба манфиати шаҳрдорӣ ҳал кард. Масъулини канисаи яҳудиён иддао доштанд, ки ин сохтмон моликияти ибодатгоҳ аст. Аммо додгоҳ ин сохтмонро моликияти шаҳрдорӣ дониста ва гуфтааст, ки масъулини каниса асноди лозимро, ки собит кунад сохтмон моли каниса аст, натавонистаанд пешниҳод намоянд.

Михаил Абдураҳмонов роҳиби канисаи яҳудиён мегӯянд, ҷои дигаре барои бунёди ибодатгоҳ то кунун барои онҳо пешниҳод нашудааст.

Бар асоси тарҳи сохтмони муҷтамаи Қасри миллат ҳамаи манзилҳои истиқоматӣ ва инчунин пойгоҳи низомии Русия низ аз маҳалли ин сохтмон кӯч дода шуданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG