Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ифтитоҳи канисаи нав дар Душанбе


Канисаи нав дар Душанбе
Канисаи нав дар Душанбе

Имрӯз, 4-уми май, дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи канисаи нави яҳудиҳои пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Канисаи нав дар яке аз маҳаллаҳои маркази пойтахт ҷой гирифтааст. Бинои канисаро ҳудуди як моҳи пеш Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон, баъд аз таъмиру бозсозӣ дар ихтиёри ҷомеъаи яҳудиёни пойтахт гузошт.

Бинои пешини каниса, ки дар авоили қарни 20 дар паҳлӯи чаҳорбоғи шаҳрӣ сохта шуда буд, тахриб гардид ва ҷои он барои сохтмонҳои маъмурӣ дар ихтиёри шаҳрдорӣ қарор гирифт.

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиёни Тоҷикистон, ба радио Озодӣ гуфт, ба маросими ифтитоҳи каниса меҳмонони зиёд, аз ҷумла намояндагони вазорати фарҳанги кишвар ва ҳукумати шаҳр, раиси "Ориёнбонк" Ҳасани Асадуллозода, сафирони Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон ва дигар кишварҳо, даъват шуданд.

Қаблан барои ширкат дар маросими кушодашавии канисаи нав намояндагони ҷамъиятҳои яҳудиёни тоҷикистонӣ аз ИМА, Исроил ва як қатор кишварҳои Ғарб вориди Тоҷикистон шуданд.
XS
SM
MD
LG