Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эйкенберрӣ - сафири Амрико дар Афғонистон


Сафири ИМА, ки бояд тоза дар Афғонистон ба кор шурӯъ кунад, расман аз артиши кишвараш истеъфо дод. Генерал-лейтенант Карл Эйкенберрӣ қарор аст имрӯз дар як маросими Вазорати хориҷии Амрико ба ҳайси сафири нави Амрико дар Кобул ба мақом таъйин шавад. Эйкенберрӣ дар маросими истеъфояш аз артиш дар Пентагон гуфт, ки ӯ дар Афғонистон дар "рӯбарӯи шароити фавқулодда душвор" қарор мегирад, аммо изҳори умедворӣ кард, ки стратегияи Вашингтон барои шикаст додани Толибон ва ба эътидол овардани Афғонистон пирӯз хоҳад шуд. Эйкенберрӣ ду соли пеш ба ҳайси фармондеҳи аршади нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон хизмат кардааст ва яке камтарин генералҳоест, ки аз карераи низомӣ якбора ба кори дипломатӣ мегузарад. Вай дар вазифаи сафири Амрико дар Афғонистон Уилям Браучер Вудро табдил мекунад.
XS
SM
MD
LG