Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли оғози муҳоҷирати тоҷикон ба Арабистони Саудӣ


Манобеъи хадамоти муҳоҷират дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки шартномаи ҳамкории миёни ин давлат ва Арабистони Саудӣ дар мавриди ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба кор дар Саудӣ ба наздикӣ ба имзо хоҳад расид. Раиси Кумитаи миллии истихдом ба кори Арабистони Саудӣ Саъд Ал - Бадда гуфтааст, имзои шартномаи мазкур ба хотири ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунист. Ҷониби Саудӣ мегӯяд, дар ин авохир мавридҳоеро мушоҳида кардааст, ки муҳоҷирини корӣ аз ҳисоби як ширкат ё муассисае ба Саудия омада, вале ба сурати ғайриқонунӣ дар муассиса ё корхонаи дигар кор мекунанд .
XS
SM
MD
LG