Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google, YouTube ва Twitter дар Ироқ


Вазорати умри хориҷаи Амрико эълом кард, мудирони ширкатҳои азими техноложии Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла Гугл, Твиттер ва Ютюб аз Ироқ боздид мекунанд, то дар амри эҳёи ин кишвар бо фанновариҳои навин кӯмак намоянд. Намояндагони ин ширкатҳо бо мақомоти расмии Ироқ ва муассисаҳои хусусӣ мулоқот мекунанд, то бубинанд, чӣ гуна метавонанд дар мубориза бо фасодкорӣ ва ҳамчунин беҳбуд бахшида ба шеваҳои идора ва таълим дар Ироқ мадад расонанд. Дар барномарезии сафари мудирони ширкатҳои азими техноложии Амрико ба Ироқ, ки суботи нисбие дар он барқарор аст, вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG