Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Карзай ба низомиёни Амрико


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳаргуна талоши низомиёни Амрико барои мойил кардани Толибон, ба даст кашидан аз муборизаашон, бидуни дахолати ҳукумат бенатиҷа хоҳад анҷомид. Зимни мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн Ҳомиди Карзай ҳамчунин гуфт, қонуни баҳсбарангезеро ислоҳ хоҳад кард, ки ба гуфтаи мунтақидон, таҷовуз ба номусро дар миёни шиъамазҳабони Афғонистон қонунӣ мекунад. Ҳомиди Карзай гуфт, пеш аз қабул аз ин банди қонун огаҳ набудааст. Бар асоси санади мазкур зан ҳақ надошт, дархости шавҳар барои ҳамхобагиро рад кунад. Барак Обама ин қонунро нафратангез хондааст.
XS
SM
MD
LG