Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тасмимҳои Пхенянро маҳкум кард


Эълони тасмимҳои Пхенян аз телевизиони Кореяи Шимолӣ садо дод.
Эълони тасмимҳои Пхенян аз телевизиони Кореяи Шимолӣ садо дод.

Вашингтон эълони Кореяи Шимолиро, ки гуфтааст, аз гуфтушунидҳои шашгонаи байнулмилалӣ хориҷ мешавад ҳамчун "қадаме дар самти ғалат" маҳкум кард.

Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс аз Пхенян даъват кард, "таҳдидҳои иғвогаронаи худро қатъ кунад ва ба иродаи ҷомеаи байнулмилалӣ арҷ гузошта, вазифа ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро ба ҷой орад.

Изҳороти Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, Пхенян ба ҳамаи бозрасони ин ниҳод дастур додааст, ба таври фаврӣ Кореяи Шимолиро тарк кунанд. Пештар, Кореяи Шимолӣ гуфт, он ба нишони эътироз аз изҳороти Шӯрои Амният дар марвиди партоби мушаки дурпарвозаш гуфтушунидҳои байнулмилалиро дар робита ба барномаи ҳастаии худ бойкот мекунад.

Пхенян ҳамчунин гуфт, он корхонаи тавлиди плутониуми таслиҳотиро, ки тибқи созиши байнулмилалии халъи силоҳ баста буд, дигарбора боз ва фаъол мекунад. Ин эъломияи давлати Кореяи Шимолӣ аз телевизиони мамлакат садо дод:

“Мо ба хотири ба ҳолати пешин овардани корхонаҳои ҳастаие, ки тибқи қарордоди бадастомада дар музокироти шашгона аз кор андохта шудаанд, иқдом карда, онҳоро аз нав фаъол мегардонем ва коркарди дубораи маводи сӯхти масрафшуда дар нирӯгоҳи ҳастаии озмоиширо ба роҳ мегузорем.”

Ин иқдоми Кореяи Шимолӣ баъд аз изҳороти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид гирифта шуд, ки бо ҳамовозии тамом партоби мушаки дурпарвози Кореяи Шимолиро, ҳамчун як амали хилофи таҳримҳои Созмони Милал маҳкум кард ва Пхенянро ба қатъи чунин аъмол даъват намуд.

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон дар бораи тасмими Кореяи Шимолӣ чунин гуфт: "Аз нигоҳи мо ин як посухи нолозим ба изҳороти қонунист, изҳороте ки нигарониҳои Шӯрои Амниятро баён кард. Ва мусалламан, мо умедворем, ки баррасии масъала на танҳо бо шарикон ва ҳампаймонҳои мо, балки ҳамчунин тадриҷан бо худи Кореяи Шимолӣ низ имконпазир хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG