Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ аз таҳримҳо озод мешавад?


ИМА дар садади қатъи таҳримот алайҳи Кореяи Шимолӣ шуда, ин кишварро аз феҳристи ҳомиёни терроризм хориҷ шудааст.

Ҳангоми суханрониаш дар Кохи Сафед Буш иброз дошт, ки тасмими Кореяи Шимолӣ дар бораи интишори гузорише роҷеъ ба барномаи ҳастаиаш “гоме дар самти наздик шудан ба қарори дуруст” аст ва ИМА мехоҳад ба иқдоми миллате, ки як замон ҳамроҳ бо Эрону Ироқ меҳвари шароратро ташкил мекард, посухи мусбат диҳад.

Бо вуҷуди ин Буш таъкид намуд, ки иқдоми баъдии мусбати Кореяи Шимолиро бидуни музокироти мушкил ва баррасии дақиқи мавзӯъ набояд интизор шуд: “Амрико дар бораи режими Пхенян ягон хаёлҳои ботил надорад. Нигаронии мо дар бораи вазъи ҳуқуқи башар, фаъолияти ғанигардонии ураниум, озмоишҳои ҳастаӣ, барномаи мушакҳои дуррас дар Кореяи Шимолӣ ҳамоно амиқ боқӣ мемонад. Ин кишвар ба Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамсояҳояш то ҳол хатар эҷод мекунад. Бо вуҷуди ин таҳавуллоти имрӯзаро мо ҳамчун гоме дар раванди бисёрмарҳилае, ки шаш кишвари гуфтушунидкунанда - Чин, Ҷопон, Русия, Кореяи Ҷануби, ИМА ва Кореяи Шимолӣ - оғоз кардаанд, истиқбол мекунем” .

Буш афзуд, ки Вошингтон таҳримҳои иқтисодиро, ки муқобили Кореяи Шимолӣ соли гузашта ҷорӣ шуда буд лағв мекунад. Вай конргессро огаҳ кард, ки ҳукуматаш Пхенянро аз феҳристи ҳомиёни терроризм дар давоми 45 рӯз хориҷ хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Амрико эълом дошт, ки бисёри таҳримҳои дигар, ки муқобили Кореяи Шимолӣ ҷорӣ шуда буд, аз ҷумла таҳримҳои СММ побарҷо мемонад. Вай афзуд, ки Пхенян боз бояд иқдомоти дигареро анҷом диҳад то, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ он кишварро ба расмият шиносад ва ба инзивоъ хотима диҳад.

Ҷорҷ Буш таъкид бар он намуд, ки рӯйдоди дирӯза танҳо оғози раванди озодкардани нимҷазираи Корея аз силоҳи ҳастаӣ мебошад ва ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки ҳамкориашро бо гуруҳи шашҷониба идома диҳад.

Чанде пеш аз изҳороти Буш сухангӯи Кохи сафед Дано Перино гуфта буд, ки Кореяи Шимолӣ ваъда додааст, тамоми таслиҳоти низомии ҳастаиашро нобуд кунад. Дар чорчуби ин таъаҳҳудот имрӯз, 27 июн, бояд бурҷи сардкунандаи реактори Ёнгбён тахриб шавад. Мақомоти Кореяи Шимолӣ тасмим гирифтааст, тахриби бурҷро аз тариқи телевизион намоиш диҳад.

Аммо собиқ сафири Амрико дар Кореяи Шимолӣ Ҷеймс Лилӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки барои қаноатманд кардани ӯ Пхенян бояд на танҳо бурҷи мазкурро тахриб кунад. Вай бар ин ақидааст, ки Кореяи Шимолӣ дар музокироти атрофи барномаи ҳастаиаш бисёр моҳирона бозӣ мекунад ва дар муқоиса бо он чи, ки аз даст медиҳад, чизи бештарро ҳифз мекунад. Дар мавриди аҳамияти бурҷи сардкунанда Лилӣ гуфт. ки албатта ин қобилияти тавлиди плутониуми ҷангиро коҳиш медиҳад аммо на ба таври зарурӣ.

Собиқ сафири Амрико дар СММ Ҷон Болтон бо Лилӣ ҳамфикр аст. Ба ақидаи вай, иқдоми тахриби бурҷ агар 95 дарсад намоишкорӣ бошад, танҳо 5 дарсад манфиат дорад. Ба гуфтаи Болтон дар асар ин метавонад маънои таслимшавии ҳукумати Бушро дар баробари режими Пхенян дошта бошад. Манзури Болтон сенатор аз аёлати Илинойс Брак Обама мебошад, ки номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр мебошад. Обама ваъда дода буд, ки кишварҳои ба ном душманонаро ба муҳовара даъват намуда танишҳои байнулмилалиро аз байн хоҳад бурд.

Бино бар ақидаи Болтон, чунин сиёсат оянда надорад. Вай гуфт, ИМА бо Кореяи Шимолӣ бояд ба мисли Эрон бархурд кунад, яъне ҳамеша артиши низомиро дар наздики марзҳояш нигоҳ дошта, бо овардани фишор маҷбур кунад, ба барномаи ҳастаиаш хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG