Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея авҷ мегирад


Эътирозҳои сокинони Кореяи Ҷанубӣ аз тасмимҳои мақомоти Пхенян
Эътирозҳои сокинони Кореяи Ҷанубӣ аз тасмимҳои мақомоти Пхенян

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, аз 4-ум то 8-уми апрел моҳвораеро ба мадор мефиристад. Бо наздикшавии ин рӯз ташаннуҷ миёни кишварҳои минтақа авҷ гирифтааст.

Мақомоти Ҷопон мегӯянд, агар мушак ба ҳарими ҳавоии ин кишвар ворид шавад, нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоии Ҷопон мушакро сарнагун хоҳанд кард. Кишварҳои дигари ин минтақа низ аз партоби моҳвора нигарон буда, мегӯянд, ки ҳадафи аслии мақомоти Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки дурпарвоз ва ё балистикии Таеподонг-2 мебошад.

Мақомоти Токио ва дигар ҳамсояҳои Кореяи Шимолӣ барои нигаронӣ аз барномаи кайҳонии Пхенян сабаби кофӣ доранд. Аввалан, онҳо намехоҳанд, ки Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакҳоро идома дода, имконоти ҳарбии худро тавсеа бахшад. Агар озмоиши Таеподонг-2 бо муваффақият ба анҷом расад, Кореяи Шимолӣ имкон меёбад, Ҷопон ва минтақаи Аляскаи Амрикоро ҳадаф қарор диҳад.

Сониян, ҳама дар хотир доранд, ки соли 2006-ум аснои озмоиши қаблии Таеподонг-2 мушак ҳамагӣ чанд сония баъди оғози парвоз мунфаҷир шуда буд. То кунун маълум нест, ки сабаби инфиҷори мушак чӣ буд: оё он худаш таркида буд ва ё маркази назорати парвоз хавф дошт, ки мушак самти ҳаракаташро тағйир медиҳад ва аз ин рӯ онро маҳв намуд.

Бо мақсади ором намудани мардуми Ҷопон вазири мудофиаи ин кишвар Ясуказу Ҳамада изҳор намуд, ки нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоии Ҷопон ба маҳви ҳар гуна мушаки таҳдидовар қодир ҳастанд: "Ман фармон додам, бар пояи оинномаи мудофиаи зидди ҳамлаҳои ҳавоӣ нерӯҳо ба маҳви ҳар гуна ашёи таҳдидовар, ки метавонад дар хоки Ҷопон суқут кунад, омода бошанд".

Русия ҳам, ки бо Кореяи Шимолӣ равобити хуб дорад, аз Пхенян хостааст, ки аз озмоиши мушак худдорӣ кунад. Аммо Кореяи Шимолӣ гузориш дод, ки мушак ба пойгоҳ интиқол ёфт ва барнома бидуни тағйир иҷро мешавад. Бар илова як сухангӯи ин кишвар гуфт, Пхенян кӯшишҳои баҳси озмоиш дар чорчӯби СММ-ро ҳамчун амали душманона арзёбӣ хоҳад кард. Ба қавли ҳамин манбаъ, дар посух Кореяи Шимолӣ ширкат дар музокироти шашҷониба рӯи барномаи ҳаставии Пхенянро мутаваққиф мекунад. Аслан музокироти шашҷониба бо иштироки Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Чин, Ҷопон ва ИМА аз моҳи декабр ба ин тараф мутаваққиф шудаанд. Пас чаро Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакро рӯи даст гирифтааст?

Айдан Фостер Картер, шореҳи маъруфи умури Кореяи Шимолӣ дар донишгоҳи Лидси Бритониё, дар ин бора мегӯяд, «ин ҷо баъзе масъалаҳои пасипардагӣ дар мавриди вориси Ким Чен Ир матраҳ мебошанд. Ин албатта ба ӯ вобастааст, ки киро ворис таъин кунад. Соли гузашта вазъи саломатии ӯ хуб набуд. Ман фикр мекунам, партоби мушак метавонад воқеан партоби моҳвора бошад, вале худи партоби моҳвора ҳам ҳодисаи бузург буда, эҳтимол ба ин восита онҳо мехоҳанд қудрати худро нишон диҳанд. Онҳо ин амалро баъд аз интихоби парламенти нав роҳандозӣ кардаанд, ки он тибқи меъёрҳои коммунистӣ интихоб мешавад. Хуллас партоб сабабҳои дохилӣ дорад".
XS
SM
MD
LG