Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воронин хостори ҳисоби такрории баргаҳои раъй шуд


Владимир Воронин, раисиҷумҳури Молдова, аз Додгоҳи Қонуни асосии кишвар хост, ки дар бораи ҳисобу китоби такрории раъйҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ тасмим бигирад. Эълони пирӯзии Ҳизби коммунист дар ин маъракаи сиёсӣ боиси эътирози аҳзоби мухолиф гардид, ки ҳукуматро дар тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ айбдор мекарданд. Рӯзи сешанбе бар асари бенизомиҳо дар Кишинёв биноҳои дафтари раисиҷумҳур ва парлумон ғорат карда шуданд. Бар асари бархурди полис ва намоишгарон даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки фаъолони аҳзоби мухолифи ҳукумат аз идомаи тазоҳурот даст кашидаанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, имрӯз дар соати муқарраршуда дар майдони марказии пойтахт нафаре аз онҳо ҳозир нашуд, ҳарчанд шаҳрдорӣ барои баргузории ду намоиши эътирозӣ иҷоза дода буд. Дирӯз Комиссиюни марказии интихоботии Молдова дар мавриди ширкати намояндаҳои ҳизбҳои мухолиф дар тафтиши дубораи баргаҳои раъйдиҳии интихоботи парлумонӣ тасмим гирифт. Мақомоти Молдова кишвари ҳамсоя - Руминияро дар даст доштан дар “талоши табаддулоти давлатӣ” айбдор кардаанд.
XS
SM
MD
LG