Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳи сиға қонунан иҷозат гирифт


Фаъолони ҳуқуқи башар аз тасвиб шудани қонуни наве дар Афғонистон, ки марбут ба аҳволи шахсии аҳли ташайюъ мебошад, ва ба хусус аз таъсири он ба вазъи ҳуқуқи занони шиъа изҳори нигаронӣ мекунанд. Матни ин қонун, ки парлумони Афғонистон қабул кард ва бино ба хабарҳо, дар аввали моҳ аз ҷониби раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай низ тасвиб шуд, то ҳол ба нашр нарасидааст. Бино ба гузоришҳо, ин қонун никоҳи муваққат, ё худ сиғаро, ки дар байни шиъаҳо роиҷ аст, иҷозат медиҳад. Қонуни нав ба таҷовузи ҷинсӣ дар муҳити хонавода либоси қонунӣ пӯшонда, занони шиъаро аз ҳаққи тарки манзил дар ғайри сурати иҷозаи шавҳар маҳрум мекунад. Қонуни мазкур ҳаққи зан ба ҳангоми талоқ гирифтанаш аз шавҳарро низ ҷиддан зери по карда, аз ҷумла ӯро аз ҳаққи соҳибӣ ба фарзандон маҳрум мекунад.

Гулноз Исфандиёрӣ

Қонуни мавсум ба “Аҳволи шахсии аҳли ташайюъ”, ки махсус барои ақаллияти шиъаҳои Афғонистон таҳия шудааст, як пасрафти бузург дар масъалаи ҳуқуқи зан хонда мешавад. Дар пайи суқути Толибон, вазъи занон дар Афғонистон каме рӯ ба беҳбуд овард ва занони афғон аз ҷумла ба ҳаққи таҳсил ва ҳаққи кор, соҳиб шуданд. Аммо ин раванд ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонад ва феълан нигарониҳое пайдо шудаанд, ки қонуни ҷадид метавонад ҳатто он ҳуқуқи хурду резаеро, ки занони афғон дар солҳои охир ба даст оварда буданд, ҷиддан поймол карда, бархе аз маҳдудиятҳои даврони Толибонро аз нав ҷорӣ кунад.

Сом Зарифӣ, мудири барномаҳои созмони Афви байналмилалӣ дар умури кишварҳои Осиё ва Уқёнусия, қонуни аҳволи шахсии аҳли ташайюъро ба боди сахти интиқод кашид. Навӣ Пиллай, кумиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, гуфт, қонуни аҳволи шахсии аҳли ташайюъ ба қарорҳои даврони Толибон мемонад. Ӯ аз раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хост, ин қонунро лағв кунад. Ба гуфтаи ин куммиссиюн, қонуни нав бидуни далоили машрӯъ, аз ҷумла бе иҷозати шавҳар, аз манзил берун рафтани занони шиъаро манъ карда, бидуни чунин иҷоза таҳсил ва корро низ барои онҳо манъ мекунад. Ин қонун роҳро барои таҷовузи ҷинсии занон дар муҳити хонавода низ боз карда, мегӯяд, зан мулзам аст, ба хостҳои шаҳвонии шавҳари худ тан дар диҳад. Қонун дар сурати талоқ аз ҳаққи модар дар амри саробонии фарзандонаш низ кам карда, ворисии зани бевамонда ба манзил ва замини меросии шавҳарашро ғайримумкин мегардонад. Ҳатто агар ин молумулк ба он шавҳари фақид аз занаш расида бошад.

Сурайё Субҳранг, раҳбари бахши ҳуқуқи зан дар Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, қонуни аҳволи шахсии мардуми шиъаро як рӯйдоди фалокатовар барои куллия занони афғон мехонад. Сабрина Соқиб, узви порлумони Афғонистон, гуфт, дар маҷлис тарҳи ин қонун ба далели ҳассосияти мазҳабӣ доштанаш хеле бо шитоб ва бидуни муҳокимаи банд ба банд тасвиб шуд. Аммо Ҳусейн Олими Балхӣ, раиси Дорулиншои Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон, мегӯяд, ин қонун қуюдотеро вазъ намекунад, ки барои занони шиъа мушкилофарин бошанд.

Қонуни Асосии Афғонистон ба шиъаҳо, ки беш аз 10 дарсади ҷамъияти он кишварро ташкил медиҳанд, иҷозат медиҳад, рӯзгори хонаводагии худро бар пояи як қонуни алоҳида ба роҳ гузоранд. Бино ба хабарҳо, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки дар интихоботи моҳи август ба пуштибонии аҳли ташайюъ, аз ҷумла ҳазораҳову қизилбошҳо, хеле ниёз дорад, маҳз таҳти фишори рӯҳониёни бонуфузи шиъа зери ин қонун имзо гузоштааст.

Масъалаи қонуни аҳволи шахсии аҳли ташайюъ дар анҷумани ахири Афғонистон дар Гаага низ тавассути вазири хориҷаи Финландия ба самъи вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон расонда шуд ва хонум Клинтон ба дунбол ин мавзӯъро бо Ҳомиди Карзай низ матраҳ кардааст. Аммо Карзай то кунун ба интиқодҳои афзояндаи маҳалливу байналмилалӣ дар робита ба ин қонун посух надодааст. Сурайё Субҳранг аз Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ҷомиаи байналмилалӣ бояд ба хотири табдили ин қонун аз нуфузе, ки бар Кобул дорад, истифода кунад.
XS
SM
MD
LG