Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО ва чораҳои бесобиқаи амниятӣ


Дар шаҳри Страсбурги Фаронса дар арафаи нишасти сарони НАТО миёни полис ва ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ бархурд сурат гирифт. Даҳҳо нафар аз тазоҳургарон боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ки намоишгарон сӯи кормандони полис санг андохтанд, тирезаҳоро шикастанд ва қуттиҳои ахлотро оташ заданд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз намоишҳои зидди НАТО дар арафаи нишасти дурӯзаи ин Паймон дар Страсбург ва шаҳрҳои ҳамсоя дар қаламрави Олмон нерӯҳои бузурги кормандони полис сафарбар шудаанд. Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО имрӯз ифтитоҳ мешавад ва дар ду шаҳр – Страсбурги Фаронса ва Кели Олмон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG