Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои бонки Аврупо ба Тоҷикистон


Оливйе Декамп-мудири бахши соҳибкории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бахши аслии кӯмакҳои ин бонк ба Тоҷикистон барои тақвияти фаъолияти молии бонкҳои ин кишвар ба масраф хоҳад расид. Ба қавли оқои Декамп, ин ба он хотир аст, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон бонкҳои тиҷоратии кишвар ба камбуди шадиди захоири молӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Оқои Декамп мегӯяд, кӯмакҳои ин бонк ба соҳаи бонкдорӣ то андозае ба имкони пардохтпазирии бонкҳои кишвар дар шароити бӯҳрони молиявӣ мусоидат хоҳад кард:

“Бо ин роҳ, тавассути бонкҳо ширкатҳои хусусӣ ба манобеъи молӣ дастрасии бештаре хоҳанд ёфт ва ин амр дар ниҳоят ба пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон боис хоҳад шуд.”

Мудири бахши соҳибкории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд афзуд, ки сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ аз авлавиятҳои ин бонк маҳсуб мешавад ва ин ниҳоди молии байналмилалӣ тибқи ойинномаи худ наметавонад барои кӯмак ба буҷаи Тоҷикистон маблағ ихтисос бидиҳад.

XS
SM
MD
LG