Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Покистон мактаби полисро бозгирифтанд


Нерӯҳои амниятии Покистон мегӯянд, назорат ба бинои Академияи полис дар шаҳри Лоҳури Покистонро, ки ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ шудааст, дубора ба даст гирифтанд. Даргирӣ бо ситезаҷӯён, ки таълимгоҳро ишғол карда буданд, наздик ба 8 соат идома кардааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, бар асари ҳамлаи ногаҳонӣ наздик ба 20 шогирди мактаби полис кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Тибқи хабарҳо чаҳор нафар аз ҳамлаварон низ кушта шудаанд. Ҳодиса камтар аз моҳ пас аз ҳамлаи мусаллаҳон ба варзишгарони Шри Ланка дар Лоҳур ба вуқӯъ мепайвандад, ки бар асари он 6 афсари полис ва ронандае куштаву чандин варзишгар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG