Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Падидаҳои пешрафт дар иқтисод дида мешавад


Президент Барак Обама гуфт, давлати вай дар ҳамаи ҷабҳаҳо бо бӯҳрони иқтисодӣ мубориза мекунад ва падидаҳои пешрафт ба назар мерасад. Обама ин нуктаро дар оғози конфронси хабарӣ дар Кохи Сафед изҳор дошт. Вай саъй мекард амрикоиҳоро ба стротегияи давлати худ мутмаин созад. Обама ҳамчунин аз тарҳи будҷаи Амрико барои соли 2010, ки 3 триллиону 550 миллиард долларро дар бар мегирад, дифоъ кард. Мухолифон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва баъзе демократҳо аз масорифи бузурги ин будҷа интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG