Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи наҷоти бонкҳои бузурги Амрико эълон шуд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз ҷузъиёти барномаи наҷоти бонкҳои нокоми Амрикоро эълон кард. Зоҳиран ба ин барнома бонкҳое, ки аз захираҳои ҳукуматӣ истифода мекунанд, дохил намешаванд. Ин пулҳо аз ҳисоби ҳамон 700 миллиард доллар барномаи танзими молӣ гирифта мешавад, ки дар Конгресси Амрико ба тасвиб расид. Тимотӣ Гатнер-вазири умури хазонадории Амрико гуфт, тибқи ин барнома ҳукумат то 500 миллиард доллар барои поксозии қарзҳои ба истилоҳ "бад" ихтисос медиҳад. Ба гуфтаи Гатнер, ин барномаи кӯмак метавонад то ба як триллион доллар афзоиш ёбад. Сармоягузорон аз ин хабар истиқбол карданд ва нархи саҳом дар бозорҳои Аврупову Осиё боло рафт.

XS
SM
MD
LG