Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 мухолиф дар Гурҷистон


Шаби гузашта дар се минтақаи Гурҷистон пулиси ин кишвар фаъолони оппозитсионро боздошт кард. Зураб Бигвава-раҳбари Ҷунбиши Демократӣ барои Гурҷистони Воҳид ба бахши русии радиои Озодӣ гуфт, бо иттиҳомоти сохта барои бо худ доштани силоҳи ғайриқонунӣ 5 нафар аз фаъолони ин ҳизб боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо раҳбари созмони ин ҳизб дар Оҷористон низ ҳаст. Хонум Нино Бурҷанадзе-раиси собиқи порламони Гурҷистон гуфтааст, ин боздоштҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Ба гуфтаи вай, режими Саакашвилӣ дар остонаи тазоҳуроти пурҷамъияти 9-ӯми апрел маъракаи фишор бар зидди мухолифонро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG