Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Македония


Комиссиюни интихоботии Македония гуфт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар номзади ҳизби ҳоким пешсаф аст, аммо раъйи ӯ барои ғолибияти пуррааш дар интихобот кофӣ нест. Дар интихоботи рӯзи якшанбеи Македония Георгий Иванов аз ҳизби марказу ростгарои муҳофизакор бо 38 дар сади раъйҳо пешсаф аст. Дар пайи вай Любомир Фурсковски аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва вазири пешини умури дохила Лиюбе Босковски қарор доранд. Ду номзаде, ки пешсафи рақобати президентӣ мешаванд, қарор аст баъди ду ҳафта дар даври дуюми интихобот иштирок кунанд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Македония ҳамчун марҳилаи муҳиме дар таърихи сиёсии ин кишвари ҷӯёи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО арзёбӣ мешавад. Раиси комиссиюни интихоботии Македония Александр Новковски гуфт, ки ҷараёни раъйдиҳӣ дар фазои мусоид баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG