Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Байден барои кӯмак ба Афғонистон


Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико дирӯз ба муттаҳидони кишвараш дар паймони НАТО гуфт, “бадтар шудани авзоъ” дар Афғонистон барои ҳамаи аъзои ин созмон хатар эҷод мекунад. Ҳангоми суханронӣ дар ҳузури сафирони 26 кишвари узви НАТО дар шаҳри Брюссел Ҷо Байден гуфт, гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистону Покистон дигарбора ҷон мегиранд”: "Ва ҳоло дар минтақаҳои Афғонистону Покистон, Ал- Қоида ва шарикони тундрави онҳо дубора ҷон мегиранд, ва дар фикри ҷиноятҳои нав ба зидди мардуми ҷаҳон, сар аз Афғонистону Покистон ва Ҳинд то ба Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва Устролиё дар сар мепарваранд." Муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш мехоҳад барои рафъи хатари тундгароӣ аз минтақа бо муттаҳидони аврупоиаш аз наздик кор кунад.
XS
SM
MD
LG