Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек муттаҳидини Амрикоро низ берун мекунад


Парлумони Қирғизистон имрӯз бо тақрибан иттифоқи оро қарордодҳоеро низ лағв кард, ки истифодаи пойгоҳи Манасро ба муттаҳидини Амрико низ иҷозат медод. Парлумон хостори аз ин пойгоҳ берун кардани нирӯҳои кишварҳои Аврупо ва Австралияву Зеландияи нав ва Кореяи ҷанубӣ шуд. Қирғизистон дар моҳи феврал тасмим гирифт, нирӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи ҳавоии Манас, ки як нуқтаи муҳим дар амри таъмини амалиётҳои низомии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон маҳсуб мешуд, берун кунад. Бишкек ба ин нирӯҳо 180 рӯз фурсат додааст, то аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG