Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳамкорӣ бо Русияро аз сар мегирад


Яаап Де Ҳуп Скеффер – дабири кулли НАТО мегӯяд, вазирони кишварҳои узви созмон имрӯз дар шаҳри Брюссел тавофуқ карданд, то гуфтугӯҳо бо Русия дар сатҳи олӣ аз сар гирифта шавад. НАТО муносиботаш дар сатҳи олӣ бо Русияро баъди ҷанги ин кишвар бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта мутаваққиф кард. Вазорати умури хориҷаи Русия аз тасмими НАТО ибрози хушнудӣ намуд. Дар ҳамоиши Брюссел Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико ҳам гуфт, фурсати он расидааст, то Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ дар роҳи муносибот бо Русия “ба пеш” ҳаракат кунад. Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин аз кишварҳои узв хост, то дари НАТО-ро барои Укроину Гурҷистон боз гузоранд, ки ин ҳарду муштоқи пайвастан ба НАТО мебошанд. Русия мухолифи сарсахти қабули ин ду кишвари шӯравии собиқ ба паймон аст. Ҳарчанд НАТО ба Укроину Гурҷистон ваъда додааст, ки дар ниҳоят онҳоро хоҳад пазируфт, вале гуфтааст, ҳар ду кишвар то расидан ба узвияти НАТО роҳи дарозеро дар пеш доранд.
XS
SM
MD
LG