Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати маҳбусони сиёсии Узбакистон нашр шуд


“Мемориал”, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар, мақараш дар Маскав, дар як гузориши 300-саҳифаӣ феҳрасти асомии 1452 нафареро ба табъ расондааст, ки дар Узбакистон бо ангезаҳои сиёсиву мазҳабӣ аз соли 2004 то 2008 боздошт ваё маҳкум ба зиндон шудаанд. “Мемориал” мегӯяд, сеяки ин афрод дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон таҳти таъқиби мақомоти Узбакистон қарор гирифтаанд. Гузориш мегӯяд, ошӯбҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон дасти мақомоти интизомии президент Ислом Каримов ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон ва Қирғизистону Қазоқистонро дар амри таъқиби дигарандешон хеле дароз кард. Ба ҳисоби “Мемориал”, дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон, дар Узбакистон 357 нафар, бо шумули 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон кашонида шуданд. “Мемориал” мегӯяд, соли 2007 дар Узбакистон 164 нафар ва соли гузашта 95 нафар бо далоили сиёсӣ муҳокима шуданд.
XS
SM
MD
LG