Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаси муваққатӣ дар водии Свот


Ҷангиёни Толибон дар водии Своти Покистон 10 рӯзи оташбас эълон карданд. Муслимхон, сухангӯи Толибон гуфт, ки ин як "ҳусни ният"-и ҷангиён барои азсаргирии гуфтугӯҳо бо мақомоти ҳукуматӣ мебошад. Муслимхон гуфт, ки раҳоии муҳандиси чинӣ аз асорат, ки панҷ моҳ тӯл кашид, бояд ба унвони як фоли нек арзёбӣ шавад. Дар ҳамин ҳол, як рӯҳонии тарафдори Толибон Сӯфӣ Муҳаммад гуфт, ки созиши сулҳи миёни ҷангиёну ҳукумат имкон дорад фардо 16 феврал ба имзо расад. Дар гузашта чунин тавофуқоти сулҳ бо Толибон ноком шудааст. Водии Своти Покистон, ки замоне маҳбубтарин маҳалли ҷаҳонгардон маҳсуб мешуд, қариб пурра таҳти контроли Толибон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG