Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замони ҳузури нозирони аврупоӣ тамдид шуд


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) замони маъмурияти 20 нозири ғайринизомиаш дар марзи Гурҷистон бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро то 30 июн тамдид кард. Замони маъмурияти ин ҳайъати нозирон, ки дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи август миёни Гурҷистону Русия дар он минтақа мустақар шудаанд, рӯзи чоршанбеи оянда ба поён мерасид. Аз тасмими тамдиди ҳузури нозирони САҲА ҳам Гурҷистон ва ҳам Русия пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG