Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чарлз Дарвин 200 сола шуд


Чарлз Дарвин
Чарлз Дарвин

Дар ин ҳафта ҷаҳон 200-солагии табиатшиноси маъруфи англис Чарлз Дарвин ва солгарди 150-уми нашри маъруфтарин асари ӯ “Пайдоиши анвоъ”-ро таҷлил мекунад.

Чарлз Дарвин рӯзи 12 феврали соли 1809 ба дунё омада, ҳамчун муаллифи назарияи эволютсия, ки ба илми биологияи муосир поя гузошт, шинохта мешавад. Назарияи эволютсия бо вуҷуди зиддунақизиҳояш аз назарияҳои эътирофшудаи илми ҷаҳонист, вале дар кишварҳое, ки дин дар ҳаёти ҷомиа таъсири бузург дорад, аз ҷумла дар Эрону Афғонистон, назарияи Чарлз Дарвинро дар макотиб аслан таълим намедиҳанд.

Аксари мардум Чарлз Дарвин, ин донишманди табиатшиноси асри 19-ро ҳамчун кашшофи назарияи ҷаҳонгири эволютсия мешиносанд. Назарияе, ки ҷаҳонбинии мардумро дигар кард. Бар асоси назарияи Дарвин, куллия анвоъи мавҷудоти зинда аз як навъ тавассути интихоби табиӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин назария, аз ҷумла мегӯяд, ки инсон таҳти таъсири муҳити атроф аз маймун пайдо шудааст.

Бо ин вуҷуд, ки рӯҳониён назарияи эволютсия башиддат ба чолиш мекашанд, ин назария тақрибан дар саросари дунё эътироф шуда ва дар мактабу донишгоҳҳо таълим дода мешавад. Аммо на дар Афғонистону Эрон.

Дар Афғонистон ақидаҳои Дарвин ба далели таноқузоташ бо таълимоти Ислом дар бораи пайдоиши башар то ҳол ба китобҳои дарсӣ роҳ наёфтааст. Муҳаммад Собир, як донишманди афғон, ки илми биологияро дар Олмон омӯхта, дар вазорати маорифи Афғонистон машғули машғули тартиб додани барномаҳои таълимӣ барои макотиб аст, мегӯяд, далели аз барномаи таълим дар макотиби Афғонистон берун мондани назарияи Дарвин бештар сиёсист.

Ба назари бахши аъзами мардум дар Афғонистон, ҷомиаи аз лиҳози мазҳабӣ амиқан муҳофизакори ин кишвар ҳанӯз барои эътирофи назарияи Чарлз Дарвин, ки аз маймун пайдо шудани инсонро дар назар дорад, омода нест.

Муҳаммад Собир мегӯяд, дар макотиби Афғонистон ба толибилмон инро таълим медиҳанд, ки инсонро Худо офаридаст ва ҳеҷ навъ назарияи эволютсия вуҷуд надорад.

Вазорати маорифи Афғонистон метарсад, ки ба барномаи таълим ворид кардани назарияи Дарвин метавонад ба мухолифат ва маҳкумияти шадид аз ҷониби рӯҳониён рӯбарӯ шуда, қаҳру хашми мардумро барангезад.

Коршиноси афғон Ваҳиди Мужда мегӯяд, ҳатто хурдтарин талоши ба чолиш кашонидани арзишҳои мазҳабӣ дар Афғонистон метавонад вокуниши шадиде дар пай биорад.

Ва аммо дар ҳоле ки барномаи таълимии макотиби Афғонистон назарияи Дарвинро комилан сарфи назар мекунад, дар макотиби Эрон ин назария дар радифи назариёти дигари илмӣ ба таври хеле мухтасар баён шудааст.

Ширин Ҳусейнӣ, як донишҷӯи донишгоҳи Теҳрон мегӯяд, аммо дар китобхонаҳо китобҳои марбут ба таълимоти Чарлз Дарвин мавҷуд ҳаст ва онҳое ки мехоҳанд дар бораи Дарвин ва назарияаш маълумоти бештар пайдо кунанд, бояд худ ба китобхонаҳо муроҷиат кунанд.

Ба фарқ аз Афғонистону Эрон, таълимоти Дарвин ҳанӯз дар аҳди шӯравӣ шоми барномаҳои дарсӣ дар макотиби Тоҷикистон шуда, то ҳол дар китобҳои дарсӣ боқӣ мондааст. Аммо таноқузе, ки миёни ин назария ва таълимоти дини Ислом дар бораи пайдоиши банни башар вуҷуд дорад, дар зеҳни хонандагон таассуроти чолишбарангезе эҷод намекунад? Зуҳур Бегматов, устоди мактаби рақами 55-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ки омӯзгорони тоҷик ҳамчун мусалмон таълимоти Исломро дар бораи инсонро офаридани Худованд инкор намекунанд, вале дар дарс назарияи Дарвинро ба толибилмон таълим медиҳанд, ки таҳти таъсири муҳит аз маймун пайдо шудани одамро таълим медиҳад.

Албатта, бо гузашти айём таъсире, ки назарияи Чарлз Дарвин дар 150 соли пеш, замони кашф шуданаш, дар зеҳнҳо гузошта буд, хеле коҳиш меёбад ва таваҷҷӯҳ ба ӯву ақидаҳояш акнун ба гунае нест, ки дар асри 19 буд.

Вале худи Чарлз Дарвин, ки пайравонаш ӯро “Муҳаммад Алии илми биология” меноманд, гуфта буд, ҳатто агар як довари мусаллат дурустии назарияи ӯро эътироф кунад, ҷаҳон хоҳад фаҳмид, ки назарияи эволютсия чӣ пешрафти бузурге дар илми дунё ба вуҷуд овардааст.
XS
SM
MD
LG