Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Мактабҳои тоҷикӣ ба китоб ниёз доранд


Тавре ки иттилоъ дода будем, як гурӯҳ рушанфикрони тоҷики муқими вилояти Ботканд ба манзури ҳифзи забону фарҳанги миллӣ дар мактаби миёнаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ як синфи тоҷикӣ кушоданд.

Таъмини ин синфи тоҷикӣ бо китобҳои дарсиро Асомиддин Саидов, сафири томулихтиёри ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, бар дӯши худ гирифт, ки гуфта мешавад, боиси сарфарозии равшанфикрони ноҳияи Қадамҷои ин вилоят гардид.

Вале аз сӯҳбат бо Миродил Фаёзиддинов, мудири мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии ин ноҳия бармеояд, ки дар чанд соли ахир мактаби онҳо китобҳои нави дарсӣ нагирифтааст. Оқои Фаёзиддинов зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар ин маврид чунин гуфт, ки синфҳои ибтидоии мактабашон дар ҳудуди 30 дарсад бо китоб таъмин аст, вале синфҳои болоӣ дар ҳоли ногувор қарор дорад.

Миродил Фаёзиддинов илова кард, ки онҳо даст рӯи даст нанишастаанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар ҳамин ҳол онҳо унвонии вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Иттиҳодияи тоҷикони ба номи устод Рӯдакӣ нома ироъа карданд, ки барои соли нави таҳсил китобҳои дарсӣ дастрас намоянд.

То пошхӯрии шӯравии собиқ таъмини мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ва Узбакистон бо китобҳои дарсиро Тоҷикистон бар дӯш дошт. Дар Тошканд нашриёти «Узбакистон» шӯъбаи тоҷикӣ ифтитоҳ кард ва таи беш аз 15 сол ин нашриёт мактабҳои тоҷикии Узбакистонро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунад.

Миродил Фаёзиддинов мегӯяд, ки мактабҳои тоҷикии ноҳияи Қадамҷо низ китобҳои дарсиро аз Тоҷикистон мегирифтанд. Ба далели он ки ҳар сол китобҳои нав ба хазинаи мактаб ворид мешуд, онҳо китобҳои кӯҳнаву фарсударо тармим намекарданд ва китобҳои навро мавриди истифода қарор медоданд. Баъди пошхурии Шӯравӣ мунтазам хазинаи мактабҳо аз китобҳо холӣ шуд ва дар ҳамин ҳол онҳо китобҳои дарсӣ ва бадеъӣ надоранд.

Ба гуфтаи мудири мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ, бо вуҷуди ин ҳанӯз имкониятҳо мавҷуданд, ки фарзандони тоҷиктабори ҷамоъати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо дар мактаби ба номи устод Айнӣ ба забони модарии худ таҳсил кунанд.

16 сол аст, ки ҷумҳуриҳо мустақил шудаанд ва оё мавҷудияти рамзу нишонҳои давлатӣ ва акси президент дар китобҳои дарсие, ки ба Қирғизистон интиқол меёбад, барои шогирдони ин мактабҳо қобили қабул ҳаст ё не? Истода Турсунова, омӯзгор ва коршиноси масоили маорифи тоҷики муқими Бишкек, мегӯяд, ки роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад. Ба гуфтаи хонум Турсунова, рамзу нишонҳои Тоҷикистон ва президенти ин кишварро шогирдони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон мешиносанд. Ҳатто дар соатҳои иловагӣ метавон ба муаррифии он машғул шуд. Вале манзури вай дигар аст, яъне роҳи ҳалли ин масъала дар он аст, ки агар дар нашароти Тоҷикистон барои Қирғизистон ба таври алоҳида китоб нашр шавад ва ё нашри ин китобҳоро дар қаламрави Қирғизистон раҳандозӣ кунанд.

Ногуфта намонад, ки дар ҳамин ҳол ҳусни таваҷҷӯҳи сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ахиран ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон беш аз пеш меафзояд.

Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек, тазаккур дод, ки кишвараш ҳамеша омодааст, ба ин мактабҳо дасти кӯмак дароз кунад. Ба гуфтаи ӯ дар ин маврид миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишнома ба имзо расидааст. Вай гуфт, ки вазоратҳои маорифи ду кишвар дар ин самт бояд фаъолияташонро тавсеа диҳанд. Дар акси ин ҳол гиреҳи ин мушкилот боз нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG